Мо назорати давлатиро дар соҳаи нақлиёт амалӣ намуда, рушди устувор ва бехатариро таъмин менамоем.
МуфассалтарХадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи нақлиёт амалӣ менамояд.
Соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва хоҷагии роҳҳо иборат буда, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар нақши ҳалкунанда мебозад. Вазифаи мо таъмини бехатарӣ, назорат ва танзими ҳуқуқии ин соҳаи ҳаётан муҳим мебошад.
Мо барои таъмини шаффофият, самаранокӣ ва рушди инноватсионӣ дар соҳаи нақлиёт кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Танзим ва назорати ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он.
Назорати техникӣ ва бехатарӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, таъмини стандатҳои байналмилалӣ.
Судури иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи нақлиёт ва хизматрасониҳои вобаста.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ё пешниҳодҳо, лутфан бо мо дар тамос шавед.